×

TajTube's video: 29-

@СУХАНРОНИИ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳамаи шуморо ба ифтихори бистунуҳумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик мегӯям. Ба тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, ки тайи қариб сӣ сол ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда истодаанд, пеш аз ҳама, саломатӣ ва дар фаъолияти душвору пуршарафашон барору комёбиҳо орзу менамоям. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд. Зеро таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ зарурати шадиди рӯз ва тақозои мубрами он айёми басо вазнину тақдирсоз буд. Бо вуҷуди ҳама норасоиву мушкилоти он айём, 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир гардид ва афсарону сарбозони содиқи Ватан дар ин чорабинӣ бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятҳоро ба ҳалли масъалаҳои бунёди инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсӣ сафарбар намуд.

3

0
TajTube
Subscribers
13.6K
Total Post
119
Total Views
82K
Avg. Views
1.5K
View Profile
This video was published on 2022-02-23 23:20:15 GMT by @TajTube on Youtube. TajTube has total 13.6K subscribers on Youtube and has a total of 119 video.This video has received 3 Likes which are lower than the average likes that TajTube gets . @TajTube receives an average views of 1.5K per video on Youtube.This video has received 0 comments which are lower than the average comments that TajTube gets . Overall the views for this video was lower than the average for the profile.

Other post by @TajTube