×

TajTube's video: - 2 Kamoli Khujandi

@Базми шеър - Дар асоси ашъори Камоли Хуҷандӣ #2 / Kamoli Khujandi
Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ - маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст. Зиндагинома Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд. Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд. Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт. Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ хобидаанд. Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ таърихи вафоти Шайх Камолро дар қитъаи зерин чунин ба назм меоварад: Орифи ҳакшинос Шайх Камол, Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигирифт. То суханро сухан бурун афтод, К-аз сухан ҳамчу он бузург нагуфт. Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб бихуфт.

6

2
TajTube
Subscribers
13.6K
Total Post
119
Total Views
82K
Avg. Views
1.5K
View Profile
This video was published on 2020-12-25 02:43:51 GMT by @TajTube on Youtube. TajTube has total 13.6K subscribers on Youtube and has a total of 119 video.This video has received 6 Likes which are higher than the average likes that TajTube gets . @TajTube receives an average views of 1.5K per video on Youtube.This video has received 2 comments which are higher than the average comments that TajTube gets . Overall the views for this video was lower than the average for the profile.TajTube #TajTube #Tojikiston #Dushanbe has been used frequently in this Post.

Other post by @TajTube